Созмони сармоягузориҳои Қатар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад
ДУШАНБЕ, 08.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмиаш ба давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, ки бо иштироки Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар шаҳри Довҳа доир гардид, иштирок намуд.
Қабл аз оғози кори ҷаласа мулоқоти кӯтоҳи Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, Ш. Зуҳуров салому орзуҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар Шайх ва мардуми ин кишвари дӯст расонид.
Амири Давлати Қатар бо арзи паёми бародарӣ ба Роҳбарияти олӣ ва таманнои шукуфоии Тоҷикистон, ҳузури ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур омили тавсеаи ҳамкории судманди дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ намуд. Дар доираи кори ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони парлумонҳои Россия, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон, Либерия ва Непал баргузор шуданд. Ш. Зуҳуров ҳамчунин бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар атрофи татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби неруи корӣ табодули назари судманд анҷом дод.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи сафари худ ба Давлати Қатар бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, саноатӣ ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар мавриди таъсиси механизмҳои ҷалби сармоягузориҳо ва мудирияти муштараки лоиҳаҳо табодули назари судманд сурат гирифт.
Маҳмуд бин Иброҳим Оли Маҳмуд сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро, ки бо сармоягузориҳои қатарӣ анҷом ёфтааст, намунаи барҷастаи ҳамкории судманди ду кишвари дӯст номида, иброз дошт, ки Созмони сармоягузориҳои Қатар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки аҳамияти миллию минтақавӣ доранд, саҳми худро гузорад.








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






