Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мизи мудаввар дар доираи Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ»
27.04.2019, Чин
Муҳтарам Раис,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумон ва ҷанобон!
Тоҷикистон ба татбиқи бомуваффақияти Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аҳамияти хос медиҳад ва ба ҳамкории судманд дар доираи ин лоиҳа бо ҳамаи кишварҳои манфиатдор омода аст.
Ташаббуси мазкур метавонад ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд.
Иштироки Тоҷикистон дар ин ташаббус, ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, ба рушди иқтидори транзитии он мусоидат менамояд.
Мо ҳамчунин ба афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, кам кардани хароҷот ва муҳлати интиқоли мол умед дорем.
Илова бар ин, татбиқи ин лоиҳаи густурда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо хатсайрҳои манфиатовар тавассути долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ ба бозорҳои нав дастрасӣ пайдо кунад; даромадҳои иловагиро тавассути пешбурди саноатикунонӣ-таъсиси корхонаҳои нав ба даст орад.
Ҳадафи мо дар соҳаи транзитию нақлиётӣ – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни мамлакатҳоямон мебошад.
Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки роҳҳои мошингарди «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон» ва «Чин-Тоҷикистон-Афғонистон» ба рӯйхати лоиҳавии ин ташаббус шомил карда шавад.
Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ бахши энергетика мебошад.
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои риоякунандаи принсипҳои «энергияи сабз» эътироф мешавад.
Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд ва аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ низ ҷойгоҳи пешсафро дорост.
Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13 000 пирях ва 1 000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд.
Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди «иқтисоди сабз» замина фароҳам меоваранд.
Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти кишварҳои минтақа бо неруи барқ ба таври назаррас баланд гардад, хароҷоти истеҳсоли он коҳиш дода шавад, таҳдид ба муҳити зист ва ҳаҷми партобҳои гази карбон ба атмосфера кам карда шавад.
Мо барои ҳамкорӣ дар ин самт ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар истифодаи ин иқтидорҳо омода ҳастем.
Аз худ кардани беш аз 400 кони канданиҳои фоиданоки дар Тоҷикистон иктишофшуда барои рушди самарабахши саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи ранга ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ замина мебошанд.
Барои мо ҳамкорӣ дар самти рушди бахши агросаноатӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ низ ояндадор маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имконоти бузург дорад.
Хонумон ва ҷанобон!
Мутмаинам, ки дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» мо метавонем рушди муштарак ва некӯаҳволии мардумонамонро таъмин намоем.
Татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳое, ки ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷорӣ намудани моделҳои истеҳсолот ва истеъмол, таъсиси ҷойҳои корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарӣ нигаронида шудаанд, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои умумиамон дар ин самт мусоидат намояд.
Дар ин замина моро зарур аст, ки пешниҳодҳо ва лоиҳаҳои худро ҷиҳати азхудкунии муштараки иқтидорҳои мавҷуда ба ҳадди имкон мушаххас намоем.
Ба таваҷҷуҳатон ташаккур!








Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд






