Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ намоиши «Ҳамлет»-ро ба саҳна гузоштанд
ХОРУҒ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ яке аз асарҳои машҳури дунё- «Ҳамлет»-и Уилям Шекспирро дар таҳияи коргардон Умеди Хисрав ба намоиш гузошт. Нақши Ҳамлетро ҳунарманди ҷавони ин театр Ҷамшед Ҳакимов иҷро кард.
Ба гуфтаи коргардони ин намоиш, «орзуи аксарияти ҳунармандони ҳам театрҳои бузург ва ҳам музофотӣ рӯи саҳна овардани ин асари воқеан пурҳикмату пурғановат мебошад. Зеро мавзӯе, ки Шекспир дар асари худ ба баҳс кашидааст, як масъалаи муҳим барои ҳамаи инсонҳо, сарфи назар аз ранги пӯст, миллату нажод, забону фарҳанг, эътиқоду боварӣ ба шумор меравад. Баъди тамошои намоиш гумон мекунӣ, ки нависанда ин асарро ҳамин рӯз навиштааст. Задухӯрд байни кишварҳои абарқудрат барои таҳкими нуфузашон дар ҷаҳон, хиёнат ба миллату давлат ба хотири ба даст овардани моли дунё, мубориза барои соҳиб шудан ба мансаб ва амсоли инҳоро нависанда хеле мӯшикофона ва ҷолиб тасвир кардааст. Ва ҳунармандон низ мувофиқи лаёқату истеъдод ва ҳунарашон кӯшиш намудаанд, ки моҳияти мақсади нависандаро бо тамоми ҷузъиёт ба тамошобин расонанд».
Иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҷамшед Ҳакимов гуфт, ки «баъди хондани асар дарк намудам, ки Ҳамлет бо баъзе хислатҳояш ба ман хеле шабоҳат дорад. Мо қариб ки ҳамсол ҳастем, ҳарду камгапу камҷуръат ва хеле нармдилу зудбовар. Оқибат ӯ ба фитнаву найрангҳои замона тоб наоварда, аз ақл бегона шуд ва даст ба ҷинояти вазнин, яъне куштор зад. Шекспир дар асари худ бори дигар ба мо ҳушдор медиҳад, ки бо ҳар ҳолате ки рӯ ба рӯ нашавед, ҳаргиз аз марзи инсонӣ убур накунед. Ба номи одам сазовор бошед ва сарфи назар аз мақому манзалаташ ба ӯ арҷ гузоред».
Нақши Клавдия ва Геортрударо ҳунармандони театр Парипишо Қиматшоев ва Шарифа Давлатбекова бозӣ карданд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳунармандони театри мазкур намоиши «Ҳамлет»-ро дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» манзури ҳакамон ва сокинони пойтахти мамлакат гардонанд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






