«ВАҚТИ ОН АСТ, КИ МАНУ ТУ ВАТАНАМОНРО АЗ СИЛ ПОК СОЗЕМ!»- таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар мавзеи «Деҳа»-и Боғи Ирами шаҳри Душанбе таҳти унвони «Вақти он аст, ки ману ту Ватанамонро аз сил пок созем!» — барномаи фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» равона гардида аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои марбутаи он, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ташкилотҳои «Ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон», «Духтурон бидуни марз», лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон, Каритас Люксембург, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватанӣ ва сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода баромад намуда иброз дошт, ки «Мавзӯи бемории сил дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Самараи талошу тадбирҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандист, ки ҳоло сатҳи сирояти бемории сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, табобати он боз ҳам беҳтару дастрастар гардидааст. Бо дарназардошти ин ва дигар омилҳо метавон умед баст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз бемории сил пок мешавад».
Ҳамзамон, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Аслиддин Раҷабзода оид ба талошу тадбирҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати хотимаи сил, вазъи эпидемологии бемории сил дар ҷумҳурӣ, дастовардҳои зиддисилии соҳаи тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои марбути ин беморӣ ибрози назар намуда, ҳозиринро ба муборизаи якҷоя бар зидди бемории сил даъват намуд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






