Вакилон масъалаи вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғаӣринақдиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории «Хониши парлумонӣ» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «Хониши парлумонӣ» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардида, дар он вакилони мардумӣ ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
«Яке аз масъалаҳои муҳими таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ дар иқтисодиёти мамлакат, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намудани воридшавии андозҳо ба буҷети давлат — ин бештар намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад», — иброз дошт муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар назди вакилони мардумӣ.
Зикр шуд, ки ҳоло дар мамлакат ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ, аз қабили БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСК ТАҚХ «Алиф-Сармоя», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ғайра фаъолият дошта, дар кори ҳамарӯза аз технологияҳои муосири пардохтӣ истифода мебаранд.
«Вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияи муосир барои пардохти ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Ҳоло пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа ва як зумра андозҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ татбиқ карда шудаанд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2018 пардохти хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ба таври ғайринақдӣ гузаронида шуд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






