«ВАТАН, МАБДАИ ЭЪТИБОРАМ ТУӢ…». 50 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб ихтиёран ба ҳифзи Ватан раҳсипор гардиданд

Апрель 22, 2019 14:46

КӮЛОБ, 22.04.2019/АМИТ  «Ховар» /. Дар майдони Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби комиссариати ҳарбии  шаҳр маъракаи даъвати баҳории наваскарон баргузор гардид. Зимни он зикр гардид, ки дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб 50 нафар ҷавонон ихтиёран ҳозир гардида, баъди муоинаи тиббӣ ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон фиристода шуданд.

Дар ҷамъомад шумораи зиёди ҷавонони ихтиёрӣ ба ҳифзи Ватан равонагардида аз омодагии хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд. Онҳо бо қадамҳои қаторӣ суруди «Савганди садоқат»-ро ба матни Кароматулло Олимзода замзама намуда,  саф оростанд:

Аё, Тоҷикистони озоди ман,

Умеди дилу хотири шоди ман.

Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифоъ,

Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо!

Ватан, боиси ифтихорам туӣ,

Ватан, мабдаи эътиборам туӣ,

Ватан, тору пуди вуҷудам туӣ,

Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ!

Мавриди зикр аст, ки хамасола дар маъракаҳои даъвати ҳарбӣ ҷавонони шаҳри Кӯлоб хеле фаъол буда, аз рӯзҳои аввали даъват ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мегарданд.

Дар маҷлиси тантанавие, ки ба ин муносибат доир гардид, раиси шаҳр ва чанд нафар фаъолон иброз доштанд, ки бо дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол шароит дар қисмҳои низомӣ беҳтар гардида, афсарон дар хориҷи кишвар аз омӯзиш гузаштаанд. Ҷузу томҳо бо лавозимоти ҷангӣ ва афсарону сарбозон бо либосҳои низомию шароити созгори хизмат таъмин шудаанд. Ин аст, ки дар ҳама машқҳои низомии минтақавӣ ва байналхалқӣ сарбозону афсарони тоҷик бо чолокию зиракӣ ва маҳорати ҳарбии хеш аз ҷониби мутахассисони байналхалқӣ баҳои баланд мегиранд.

Волидони наваскарон фарзандонашонро ба хизмати содиқона даъват намуда, аз ҷавонон хоҳиш карданд, ки чун падару бобоёни хеш номбардори Тоҷикистони азиз гарданд.

Апрель 22, 2019 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст