ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар соҳили дарёи Сир маҷмааи истироҳативу фароғатӣ бунёд мегардад
ХУҶАНД, 11.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Дар соҳили чапи дарёи Сир, дар канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегардад. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд бо такя ба маълумоти масъулини Идораи сохмони асосии вилоят иттилоъ медиҳад, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд 9 май бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.
Тибқи лоиҳа, Маҷмаа аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, мавзеи мазкур дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили рӯди Сир он метавонад ба афзоиш ва ҷалби бештари теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ замина гузорад.
Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз беш аз 175 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ бо таъсиси қариб 1000 ҷойи нави кор ба истифода дода шудаанд.










Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






