АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 17 то 19 май дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон меборад

Май 17, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  17- 19 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, борон меборад. Дар ин бора сардори Шуъбаи пешгӯиҳои боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фариддун АҲМАДОВ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва вилояти Хатлон боронҳои шиддатнок меборанд. Раъду  барқ ба амал омада, эҳтимолияти  боридани  жола  ва омадани сел дар назар аст.

Инчунин  бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда,  дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар ин шабу рӯз ҳарорат  каме паст шуда, дар водиҳо ҳаво шабона  15 — 20  ва рӯзона  22- 27 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Ба зикри Фариддун Аҳмадов,  18-19 май низ  ҳаво номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорат каме баланд  шуда, гармии ҳаво дар водиҳо рӯзона  ба 25 — 30 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво 18-23 дараҷа гарм мешавад.

20 — 24  май ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат баланд мешавад. Дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Аз 24 то 26 май ҳаво боз номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал  омадани раъду барқ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ даҳаи сеюми   моҳи май ҳарорати ҳаво  аз рӯйи меъёри муқаррарӣ 2 — 3 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст.

Май 17, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад