Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд

Май 21, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи  сайёри  навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 20 майи соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба махбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рафти ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии  СААД Вячеслав Володин доир шуд, раисони парлумонҳои ин Созмон иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур зиёда аз 15 масъалаи мубрам, аз ҷумла, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки рушди ҳамкории бисёрҷониба бо мамлакатҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё,  инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид.

Май 21, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ