«ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ, ҲАМЕША БО ВАТАН МАСРУР…». 2 май ба зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад

Май 2, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 02.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи шоири шаҳири тоҷик  устод Мирзо Турсунзода 108 сол пур мешавад.  Месазад дар ин рӯз ва ҳама рӯзҳои дигар аз ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби забардаст, ки, ба қавли худаш, «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан» буд, ёдовар шуд. Соли 2001, дар арафаи 90-солагии  шоир фармони Президенти  мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ин фар­зан­ди фарзонаи миллат  пас аз маргаш додани  унвони «Қаҳрамони Тоҷи­кис­тон»  ба имзо расид. Сарвари давлат чунин иброз доштанд: «Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат,  хизмат хоҳад кард…».

 Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзари Қаратоғи  водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин, зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад.    Вақте  дар Қаратоғ мактаби нав   кушода шуд, Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид.

Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст.

Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро ба ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқи ҶШС Тоҷикистон буд.

Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то соли 1977- охири ҳаёти худ дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  кор кардааст.

Фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Кумитаи Маркази Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Шӯравии хамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони  ИҶШС буд.

Мирзо Турсунзода  24 сентябри соли 1977 дар Душанбе аз олам даргузаштааст. Шоирро дар  оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок  супориданд.

Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобарин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.  Барои мисол, шоир дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст. Ба воситаи образҳои «Қодир ва Малика» ҷавонони ватандӯст  дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир  ёфтаанд.

Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардондани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Мирзо Турсунзода ба таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳам­чун шои­ри навпардозе, ки ваҳдати халқу Ватанро бо суханони ҷаз­зобу таъсир­бахш  васф кардааст, ворид  шудааст. Ғояҳои олии  яго­нагии ёру диёр, му­ҳаб­бати  гарми ватандорӣ, садоқат ба сарза­ми­ни ҳамешабаҳори то­ҷи­­кон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода  пур­­­раю  мукаммал  ба зуҳур омада­анд.

Устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­ду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоис­та намояд, бо халқ  ҳамнафасу  ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият  истифода созад.

Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ўро  дар бар мегирад.   Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик беш ба пан­ҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тар­ҷума шудаанд.

Шеъри «Ватан», ки дар поён оварда мешавад, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Май 2, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»