Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барқарор карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барқарор карда шуд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бинобар фаромадани ҷинсҳои кӯҳӣ дар километри 119-700-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути ин роҳ муваққатан манъ карда шуда буд.
Дар ҳамин робита Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






