Ато Мирхоҷа: «Кӯдаконе, ки аз мамлакатҳои ҷангзада раҳо гаштаанд, ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлатро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд»

Май 3, 2019 11:12

ДУШАНБЕ, 3.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакони оилаҳои  гумроҳшуда, ки  волидайни онҳо ба сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ  шомил гардида,  дар Ироқу Сурия қарор доштанд,  ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин иқдом шаҳодати он аст, ки Пешвои  миллат нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд,  бетараф набуда, пайваста баҳри онҳо тамоми шароитро фароҳам меоранд. Дар робита ба ин муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа чунин ибрози назар намуд:

-Бояд гуфт, ки ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат бори аввал набуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мунодии сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ Ватану миллаташонро чун фарзанд аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азиз ҷонашонро фидо мекунанд. Абармарди миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост, ки он касро халқ дӯст медоранду ҳамчун Сарвару Пешвои миллат  интихоб намудаанд.

Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдакон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд. Шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба уҳда гирифтаанд, амали савоб ба анҷом мерасонанд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ бо дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат садҳо мактаб — интернатҳо таъсис ёфта, барои нигоҳубун ва дар шароити мусоиду ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир тарбият ёфтани наврасон фаъолият доранд.

Мо агар ба таърихи иқдомоти Сарвари давлатамон дар масъалаи ғамхорӣ ба шаҳрвандон ва кӯдакон назар андозем, он ҳанӯз аз даврае, ки Президенти мамлакат ба сари қудрат омада буданд, шурӯъ мешавад.  Яъне яке аз вазифаҳои асосии Раиси Шӯрои онвақта -ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон буд.

«То даме, ки як тоҷик гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам». Ин иқтибосест аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои барои мардуми тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз, дар он солҳое, ки ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо бо амри тақдир ва нооромию даргириҳои кишварамон ба давлати ҳамсоя –Афғонистон фирор намуда буданд. Моҳи августи соли 1993 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъи ноороми сиёсии Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ба Афғонистон сафари расмӣ анҷом доданд. Воқеан ҳам бо талоши бевоситаи Президенти мамлакат миллионҳо нафар гурезаҳо ба Ватан баргаштанд.

Дар миёни онҳо кӯдаконе буданд, ки шояд он замон ҳамагӣ ду ё се сол доштанд. Имрӯз ҳамаи онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон ҳастанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат минатдор ҳастанд, ки чунин ғамхориро дар ҳаққи онҳо зоҳир намуда буд.

Дар ин замоне, ки дунё ба даргириҳои зиёде печидааст, кӯдакон ҳатто дар мамлакатҳои ором низ амният надоранд ва ба доштани чунин сарпаноҳу Сарвари одилу дурандеш муҳтоҷанд. Масалан, дар Аврупо ё Амрико, ки фикр мекунӣ ҳама ором аст, вале мебинед, ки як нафар силоҳ бардошт ва кӯдаконро дар мактаб ё кӯдакистон ба гаравгон гирифт. Ҳатто дар масҷид, ки он ҷои ибодат дар ҳузури Худованд аст, таркишу амалҳои дигари террористӣ мекунанд. Бинобар ин амали Пешвои миллат башардӯстона буда, бори дигар нишон медиҳад, ки Сарвари давлати мо ҳамеша дар фикри сулҳи кишвар ва ба ҳам овардани ҳамватанону барҷомондагон аст.

Хуб дар ёд дорам, ки чанд сол пеш Пешвои миллат аз аҳволи ятимхонаи ноҳияи Варзоб дидан мекарданд. Он кас ин тифлакону хурдтараконро дида, ашкрезон мегуфтанд, ки барои чӣ кӯдакони мо ятим мемонанд. Ҳатто дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфтанд, ки «ман намедонам, ки ба онҳо чӣ ҷавоб диҳам, ки падаронашон дар куҷост». Яъне бузургҳимматӣ ва бузургдилии Пешвои миллати мо боз як бори дигар дар байни халқи тоҷик ва тамоми ҷаҳон намоён гардид. Сарвари давлат зимни мулоқотҳои худ бо ятимону бепарасторон доимо таъкид мекунанд, ки «шумо ятим нестед, ман пушту паноҳи шумо хоҳам буд». Иқдоми беҳтарини Пешвои миллат дар ҳаққи кӯдакон он аст, ки ҳар як сармоядор, вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро пайваста муваззаф мекунанд, ки ба ятимону бепарасторон ва ҳатто мактабҳои одӣ низ дасти кумак дароз намоянд.

Бо мурури замон ин иқдоми Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар шахси имкониятдор дар арафаи моҳи Рамазон ва дигар ҷашну идҳо ба ятимону ниёзмандон кумакҳои худро мерасонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мамлакат мардумро ҳидоят карда метавонанд ва ба халқу миллат эҳтироми хосса зоҳир менамоянд.

Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ  огоҳ мешавем, дар бисёре аз давлатҳои пешрафта агар ҳимояи ягон кӯдак барои ин давлат аҳамияти сиёсӣ дошта бошад, онҳо овоз баланд мекунанд, рӯзу ҳафтаҳои зиёд дар бораи ин  кӯдак гап мезананду барномаҳо ташкил мекунанд. Вале шоҳид нагардидаам, ки ба таври дастаҷамъӣ роҳбари ягон давлат ин миқдор кӯдакро бе ягон озор ба мамлакат оварда бошад. Ҳатто барои ташхис кардани ин қадар кӯдакон вақти зиёд лозим аст. Азбаски обрӯи Президенти мамлакат дар арсаи байналхалқӣ хеле ҳам баланд аст, онҳо барои ба Ватан баргардонидани кӯдакони мо мусоидат намуданд.

Ин шаҳрвандоне, ки ба ҷанг рафтаанд, барояшон на Ватану модар, на падару фарзанд, ки ҷигарбанди онҳо аст, азиз нест. Ин аз он бармеояд, ки нафаре, ки ифротгаро мешавад, барои ӯ ба ғайр аз рафтан аз дунболи мақсади нопоки худаш дигар ягон чиз вуҷуд дошта наметавонад. Инҳо нафароне ҳастанд, ки мағзашон хароб шудааст.

Бояд гуфт, ки ин кӯдакон дар мадди аввал таҳти назари давлату Ҳукумат қарор дода мешаванд, бо онҳо равоншиносону табибон пайваста кор мебаранд. Барояшон беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бо дастгирии аҳли ҷомеа ба гӯшаҳои зебои диёр сафарбар карда мешаванд, ки ба ин восита даҳшати ҷангу хунрезиҳои дидаи худро аз ёд бароранду аз зебоиҳои табиати нотакрори диёри аҷдодиашон баҳра баранд.

Бояд гуфт, ки ин кӯдаконе, ки бо ташаббуси Пешвои миллат аз  мамлакатҳои ҷангзада ва зери хатари марг раҳо гаштаанд, ҳеҷ вақт ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлатро фаромӯш намекунанд. Онҳо дар ҳақиқат ҳам шаҳрвандони фаъол ва садоқатманди Тоҷикистон мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Май 3, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент