Аз 17 то 19 май дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон меборад

Май 16, 2019 10:21

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  17- 19 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво  ноустувор шуда, борон меборад. Дар ин бора сардори Шуъбаи пешгӯиҳои боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон   Фариддун Ахмедов  ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва вилояти Хатлон боронҳои шиддатнок меборанд.   Раъду  барқ ба амал омада, эҳтимолияти  боридани  жола  ва омадани сел дар назар аст.

Инчунин  бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда,  дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар ин шабу рӯз ҳарорат  каме паст шуда, дар водиҳо ҳаво шабона  15 — 20  ва рӯзона  22- 27 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Ба зикри Фариддун Ахмедов,  18- 19 май низ  ҳаво номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорат каме баланд  шуда, гармии ҳаво дар водиҳо рӯзона  ба 25 — 30 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво 18-23 дараҷа гарм мешавад.

20 — 24  май ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат баланд мешавад. Дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Аз 24 то 26 май ҳаво боз номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал  омадани раъду барқ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ даҳаи сеюми   моҳи май ҳарорати ҳаво  аз рӯйи меъёри муқаррарӣ 2 — 3 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст.

Май 16, 2019 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд