Баргардонидани кӯдакон аз Ироқ бозгӯи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аст
ДУШАНБЕ, 01.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба Тоҷикистон баргардонидани 84 нафар кӯдакони оилаҳои гумроҳшуда, ки волидайни онҳо дар сафи Давлати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардида, дар Ироқу Сурия қарор доштанд, аз иқдомҳои наҷибона ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон, ки ояндаи миллатанд, гувоҳӣ медиҳад. Ин матлабро корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Мусоҳиб афзуд, ки кӯдакони тоҷик аз қаламрави Ироқ маҳз бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории судманди намояндагиҳои дипломатӣ, мақомоти марбутаи Тоҷикистону Ироқ ва мусоидати ниҳоди атфоли Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон баргаронида шудаанд.
Сарнавишти атфоли аз Ироқ ба Ватан баргардонидашуда дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар самти ба таълиму тарбия фаро гирифтан ва мутобиқ намудани онҳо ба ҷомеаи кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳо меандешад. Зеро Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Мусаллам аст, ки шаби 30 апрел 84 нафар кӯдакон ва ноболиғони тоҷик, ки волидайнашон ҳангоми дар сафи ДИ будан дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ фавтидаанд ва ё дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.
Баргардонидани 84 нафар кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати мамлакат баъзе аз шаҳрвандони кишварро, ки гумроҳ гардида, ба сафи ДИ пайвастанд, баъдан пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргашта буданд, авф намуда буд. Амалкарди мазкур ифодагари иқдомҳои башардӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки намехоҳанд ягон кӯдаки тоҷик берун аз Ватан азият бинад.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, «ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






