«Барои пош хӯрдани як оилаи ҷавон ҳама бояд худро гунаҳгор ҳисобанд»,-бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила — омили устувории оилаҳои ҷавон» ҳамоиш доир гардид.
Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар маърӯзаи худ иброз дошт, ки оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол шуда, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату эҳтиром ва таҳаммулгароӣ имконпазир аст. Дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз масъалаҳои пешгирии издивоҷи хешовандони наздик, никоҳи барвақтӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шудаанд.
«Воқеан, пошхӯрии оилаҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, ҳалли он дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Омода набудан ба ҳаёти оиладорӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, надоштани маълумоти касбӣ ва одоби муошират заминаи асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад»,- мегӯяд Ризо Назарзода.
Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ғайрат зикр намуд, ки дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгордорӣ нақши назаррас дорад. Оила ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад, ки бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст.
«Хушунат ва зӯроварӣ аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо маҳсуб мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ба оилаҳое, ки дар натиҷаи низоъҳои оилавӣ азият мекашанд, пайваста кумакҳои тиббиву моддӣ мерасонад. Аз ин рӯ соли 2018 ба зиёда аз 142 нафар ба таври ройгон хизматрасониҳои тиббӣ расонида шуданд»,-гуфт муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Ҳамчунин раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки шумораи оилаҳое, ки рӯ ба пошхӯрӣ меоранд, сол то сол зиёд шуда истодааст.
Бино ба зикри номбурда, имрӯз барои пош хӯрдани як оилаи ҷавон бояд ҳама худро гунаҳгор ҳисобад. Зеро ин мушкилӣ проблемаи ҷиддӣ буда, ҷиҳати ҳалли он бояд дастаҷамъона талош намуд.
Ба иттилои Ҳилолбӣ Қурбонзода, соли 2015 беш аз 8 ҳазор оила никоҳи худро бекор намудааст. Ин шумора соли 2018 ба 11 ҳазор адад расидааст, ки сабаби нигаронист.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






