«Чаро дар моҳи Рамазон нархҳо гарон мешаванд», «Шапалаки мушхор дар паҳн намудани касалиҳои инсону ҳайвонот нақш намебозад»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 23, 2019 10:27

ДУШАНБЕ, 23.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷаҳон дар зарфи ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон  бозтоб  гардидааст.

«Ҷумҳурият» нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи чоршанбе, 22 майи соли 2019 №97 (23 700)  соли 95-уми нашри худ гузоришҳоро доир ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Мирослав Лайчак, иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти  амниятӣ ва хадамоти махсуси  давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро  интишор намудааст.  Аз ҷумла, Пешвои миллат  зимни иштирок дар  ҷаласаи  46-уми  Шӯрои роҳбарони мақомоти  амниятӣ ва хадамоти махсуси  давлатҳои узви  ИДМ доир ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо таҳдидҳои замони муосир сухан карда, таъкид намудаанд, ки «хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва ёриву дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонанд». Пешвои миллат  зикр карданд, ки  Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бо терроризму ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад. Сарвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат муборизаи беамон бурда мешавад.

Инчунин хонандагони  «Ҷумҳурият» имкон доранд, аз ин шумора  хабару гузоришҳои таҳиянамудаи мухбирони «Ҷумҳурият»-ро, ки таҳти унвони «Қонунгузорӣ  истифодаи обро ба танзим медарорад», «Алафи фаровони чарогоҳҳо. Аз имкониятҳо  босамар истифода барем», «Пора  ин навбат майори  хизмати дохиларо ба  толори суд бурд», «Хатлон. Мушкилоти зиёди соҳаи тандурустӣ», «Маркази миллии тестӣ. Аз саҳлангорӣ то беэътиноӣ»  интишор гардидаанд, мутолиа намоянд. Ҳамзамон дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» хабарҳои ҷолиб аз вазъи сиёсии ҷаҳон чоп гардидааст.

       «Садои мардум» нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи  58 (4008), панҷшанбе 23 майи соли 2019, соли бистунуҳуми нашр, дар радифи нашри хабару мақолаҳо аз фаъолияти Парлумони Тоҷикистон, инчунин гузоришҳоро аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И,  Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Мирослав Лайчак   ва иштироки Пешвои миллат  дар расми  ифтитоҳи  ҷаласаи 46-уми  Шӯрои роҳбарони мақомоти  амниятӣ ва хадамоти махсуси  давлатҳои аъзои ИДМ  чоп намудааст.

Инчунин дар саҳифаҳои нашрияи парлумонӣ — «Садои  мардум» мақолаҳо таҳти  унвони «Баёнияи Душанбе- санади ниҳоии конференсияи сатҳи баланд», «Механизми  байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак. Он чӣ гуна бояд амалӣ гардонида  шавад?», «Чаро  дар моҳи Рамазон нархҳо гарон мешаванд», «Шапалаки мушхор  дар паҳн намудани  касалиҳои инсону  ҳайвонот  нақш намебозад»,  нашр шудаанд. Хонандагони «Садои мардум» ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора хабарҳоро роҷеъ ба  фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон мутолиа созанд.

«Народная  газета»-  нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шумораи 22 (20200) 22 майи соли 2019 хабару гузоришҳоро аз мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, вохӯрӣ бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти  амниятӣ ва хадамоти махсуси  давлатҳои узви ИДМ,  иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд  дар  мавзӯи  «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ»  ва дигар хабарҳои расмиро нашр намудааст.

Хонандагони нашрияи расмии русизабони Тоҷикистон имкон доранд аз саҳифаҳо он мақолаҳои  хонданбобро, ки таҳти унвони  «Преступления  террористическо- экстремистской организации  исламского возрождения не имеют  срока давности», «Волонтеры ведут работу по борьбе с терроризмом», «Неъматулло Хикматуллозода: «Идея возрождения Шелкового пути близка Таджикистану», «Приоритетная  задача государства –развитие регионов», «Таджикистан на пути к цифровизации здравоохранения», «Главное предназначение поста  в Рамазан- воздержание  и духовное очищение»,  мунташир гардидаанд, мутолиа намоянд.

     «Минбари халқ» нашрияи марказии  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 21(1210), чоршанбе 22 майи соли 2019 таҳти унвони «Душанбе мизбони  конфронси сатҳи баланд» гузоришро аз ҷараёни баргузории  конфронси байналмилалии сатҳи баланд  дар  мавзӯи  «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ», ки 17 май дар Душанбе доир гардид, нашр намудааст. Инчунин  нашрияи ҳизбӣ, хабарҳои расмиро роҷеъ ба мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бо вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳо, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси сатҳи баланд ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, чоп намудааст.

Ҳайати эҷодии нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» дар ин шумора  мақолаҳои ҷолибро, аз қабили «Интихоби касби муносиб зарур аст», «Нақши ҷавонон дар тарғиби  ғоя ва арзишҳои миллӣ», «Инаугуратсия, «Сирки сиёсӣ» Ё-?», «Нанотехнология заминаи пешравист», «Амнияти иқтисодӣ-ҳадафи стратегии давлат», «Зарурати  «саводи расонаӣ»-и мардум» -ро дар саҳифаҳояш  интишор намудааст, ки мутолиаи онҳо ба манфиати хонандагони нашрия мебошанд.

Май 23, 2019 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд