Дар Академияи илмҳо «Гулоби Ирам» истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Олимони биолог аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оби нӯшокии «Гулоби Ирам»-ро истеҳсол намуда, ба сокинони мамлакат манзур намуданд.
Маводи истеҳсолшуда оби ошомидании бе газ буда, ба гурӯҳи “маҳсулоти хӯрокворӣ” шомил мешавад ва олимони биолог аз Академияи илмҳо чун истеҳсолкунанда дорои сертификати мутобиқат гардида, дар асоси маълумотномаи маркази ташхисии «Тоҷикстандарт» маводро истеҳсол менамоянд.
Бояд гуфт, ки олимони биологи АИ ҶТ истеъмоли оби нӯшокиро барои беморони гуногунсоҳа, аз қабили дил, диабети қанд, меъда ва дигарҳо тавсия медиҳанд.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Яъқубова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки гулоби Ирам хусусиятҳое низ дорад, ки дар дигар обҳои нӯшокӣ дида намешаванд. Масалан, оби нӯшокии тавсияшаванда 180 шабонарӯз муҳлати истеъмол дошта, он аз шираи садбарг ва оби ошомидании тозакардашуда омода гардидааст.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






