Дар дӯконҳои китобфурӯшии бозори наздимарзии Теми Хоруғ адабиёти дорои хусусияти экстремистӣ ошкор нагардид

Май 8, 2019 10:06

ХОРУҒ, 08.04.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Мутахассисони шуъбаи дин, танзими анъана ва маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии фурӯшу паҳн кардани адабиёти дорои хусусияти экстремистӣ ва низои мазҳабӣ дар бозори наздимарзӣ санҷиш баргузор намуданд. Ин бозор дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҷой гирифтааст ва рӯзҳои шанбе тоҷирони тоҷику афғон моли худро дар ин бозор ба фурӯш мегузоранд, хабар медихад мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз маркази маъмурии ВМКБ.

Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шодихон Ҷумъахонов гуфт, ки дар баробари дигар молу коло чанд сол боз дар ин ҷо тоҷирони афғон фурӯшгоҳи китоб боз кардаанд. Ин санҷиш мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» роҳандозӣ шуда,  аснои санҷиш ягон китоб ё дигар навишторе, ки ғояҳои экстремистӣ, ифротгароиву низоъҳои мазҳабиро тарғиб кунанд, ошкор нагардид. Бештари асарҳои бадеӣ ба қалами шоирони форсу тоҷик тааллуқ доранд, ки онҳоро дар дӯконҳои Тоҷикистон низ пайдо кардан мумкин аст.

Як нафар аз тоҷирони афғон, ки худро Паҳлавонмеҳтар муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки бештар аз 5 сол боз дар ин бозор китоб мефурӯшад ва медонад, ки дар Тоҷикистон мутолиаи кадом китобҳоро дӯст медоранд. Бештари сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ӯ асарҳои Ҷалолиддини Румӣ, Шамси Табрезӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Ҳофизи Шерозиро тақозо мекунанд. Ин тоҷири афғон гуфт, ки  «мо аз ҷангу низоъҳои ҳаррӯзаи дохилӣ, куштори бераҳмонаи тундгароён дар ватанамон хаста шудаем ва барои миллати дӯсту бародари тоҷик ҳаргиз чунин рӯзҳоро орзу намекунем. Баръакс, орзу дорем, ки Афғонистон ҳарчи зудтар мисли Тоҷикистон ба як кишвари амну субот табдил ёбад».

Масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтаанд, ки чунин санҷишҳои муштаракро дар бозорҳои наздимарзии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Ишкошим низ баргузор намоянд.

Май 8, 2019 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд