Дар Душанбе Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 майи соли 2019 бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи «Шараф»-и қисми ҳарбии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Дар оғози фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иштирокчиёнро аз номи роҳбарият Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфта, ба онҳо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору муваффақият таманно намуд.
Ҳамчунин сарояндагони ансамблҳои мақомоти ҳарбӣ ва наврасону ҷавонони соҳибистеъдод доир ба меҳри Ватан, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат, Истиқлолияту ваҳдат ва ҷавонӣ сурудҳо сароиданд.
Бояд гуфт, ки дар Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар қатори сарбозону афсарон наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда, бо фаъолияти кунунии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва вазъи будубоши сарбозон аз наздик шинос шуданд.
Дар фарҷом ба сарояндагони беҳтарин сурудҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






