Дар Душанбе китоби «Булӯри нур»-и корманди эҷодии АМИТ «Ховар» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе китоби нави корманди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Тағойназари Бақо таҳти унвони «Булӯри нур» аз чоп баромад.
Тавре Тағойназари Бақо мегӯяд: «Пеш аз ин ҳам хонандагони арҷманд бо чанд маҷмӯаи шеърии ман шинос буданд. Китоби навбатӣ бо номи «Булӯри нур» нисбатан мукаммал буда, дар он қариб ҳама анвои шеърӣ ҷой дода шудааст».
Бояд гуфт, ки Тағойназари Бақо хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишкадаи омӯзгории ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Мавсуф дар баробари пешаи омӯзгорӣ ба кори дуредгарӣ, сангиосиётарошӣ, чармгарӣ, наққошӣ, кандакорӣ, шоирӣ ва нависандагӣ машғул мебошад.
Ҳаводорони ашъори Тағойназари Бақо ӯро аз рӯи маҷмӯаҳои шеърие, чун «Чашмаи сангӣ», «Сурури сапедадам», «Шабдизи ғурур» ва «Муҳаббат ва ғазаб» мешиносанд.
Бовар дорем, ки маҷмӯи нави шеърҳои муаллиф писанди хотири хонандагони нозуктабъ ва дӯстдорони каломи бадеъ мегардад.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






