Дар Душанбе татбиқшавии Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар маросим Раиси Кумитаи мазкур, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Намояндаи ваколатдори Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадипа Сривастава ва роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими мамлакат иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бонки Рушди Осиё амалӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Лоиҳа дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2018-2022 таҳия шуда, дар се самт татбиқ мегардад.
«Татбиқи васеъи идораи хатари офатҳои табиӣ дар идораҳои давлатӣ, таҳкими иқтидор барои идораи офатҳои табиӣ ва кам кардани талафот, инчунин таҳияи харитаи роҳ барои сармоягузориҳои минбаъда ва устувории маблағгузорӣ самтҳои асосии раванди амалишавии Лоиҳа мебошанд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур ба ҳалли вазифаҳо дар самти идораи коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат намуда, он ба арзёбии маконҳои хатарнок ба ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода, омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими иқтидори техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи гражданӣ муфид мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






