Дар мактабҳои ноҳияи Файзобод озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ… » ҷараён дорад

Май 16, 2019 14:51

ФАЙЗОБОД, 16.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ… » баргузор  гардида  истодааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд амалӣ  намудани  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ва иштироки фаъолонаи хонандагон шуъбаи маорифи ноҳия   Низомномаи озмунро ба  омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ва муовинони директор  оид ба корҳои таълиму тарбия дастрас намуд. Озмуни мазкур тибқи он ва аз рӯи тартиби муайян миёни хонандагон сурат мегирад.

Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Саъдӣ Саидов, имрӯзҳо дар 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия китобхонаҳо фаъолият доранд. Аксарияти хонандагон узви китобхона буда, пайваста китобҳои бадеӣ мутолиа менамоянд. Дар се соли охир ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия  46 номгӯй китобҳои бадеӣ, ки  9 351 ададро ташкил медиҳанд, ворид шудаанд ва хонандагон аз онҳо истифода менамоянд.

Дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ толибилмоне  ҳастанд, ки китоби бадеии зиёд мутолиа намуда, дониши хешро сайқал медиҳанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1-и ноҳия Ситорабону Тошева дар даври ноҳиявии озмуни «Китобхони беҳтарин» соҳиби ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ӯ мегӯяд, ки “ман ба китобхонӣ шавқи зиёд дорам ва  то имрӯз зиёда  аз 100 китоби бадеиро бо забонҳои тиҷикӣ, русӣ ва англисӣ мутолиа намудаам. Ман дар олимпиадаи мактаббачагон аз фанни забони англисӣ дар даври ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ гузашт, соҳиби ҷойи дуюм гардида, бо ифтихорнома ва медали нуқра сазовор дониста шудам”.

Бояд гуфт, ки Ситорабону донандаи  забони англисӣ ва русӣ мебошад.

Хонандагони китобдӯсти муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод кӯшиш намуда истодаанд, ки дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Китобхони беҳтарин» фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён шаванд.

Май 16, 2019 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад