Дар Тоҷикистон ҳамоиши «Як рӯзи велосипедронӣ» доир карда мешавад

Май 2, 2019 12:05

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  5 майи соли 2019 дар Тоҷикистон  ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» доир мегардад.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур соли дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди ин навъи варзиш  дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар ин рӯз сокинони мамлакат метавонанд  аз велосипедҳо истифода намоянд.

Май 2, 2019 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд