Дастоварди наврасону ҷавонони тоҷик дар Фестивал-озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Тошканд
ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Мактаби хусусии Пулодови шаҳри Хуҷанд Фарзона Назарова дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» («Роза Востока»), ки аз 4 то 8 майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар жанри вокал иштирок намуда, байни қариб 1000 иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фестивали мазкур инчунин хонандаи Мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Сарвиноз Ҳамдамова, донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Хофизи шаҳри Хуҷанд Шерзод Абдуллозода, донишҷӯи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Сангинов ва гурӯҳи рақсии «Новая Эра» аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби дипломи Фестивал-озмун гардиданд.
Дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» қариб 1000 нафар намояндагони давлатхои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар жанрҳои вокал ва хореография дар гурӯҳи синнусолии аз 4 то 17 сола ва аз 18 то 28- сола рақобат намуданд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






