Доналд Туск: «Худованд ба Тоҷикистон сарватҳои бузурги табиӣ ато кардааст, обҳои мусаффои Тоҷикистонро ягон кишвари дунё соҳиб нест»

Май 31, 2019 10:14

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск, ки ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, дар доираи сафар 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан намуд.

Доналд Туск  зимни боздид аз кӯли Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаи оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва табиати дилфиребу нотакрор дорад ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори сарзамини  моро ганҷинаи бузурги табиӣ номид.

Ӯ дар ҷараёни боздидаш аз кӯли Сарез таассуроташро ба хабарнигори «Телевизиони Тоҷикистон» чунин баён дошт:

«Ҳангоме ки мо ба ин кӯли нодир назар меафканем, пеш  аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем. Зеро ин неъмати табиат сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳақиқат ин сарвати Тоҷикистонро ягон кишвари дунё соҳиб нест. Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб албатта дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Дар миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши башар аст. Худованд ба кишвари Шумо сарватҳои бузурги табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошед».

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, ҷумҳурии  мо бо иқдому ташаббусҳои бузурги Сарвари давлат дар масъалаи об ва дигар масоили муҳими  байналмилалӣ   дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати баланд дорад.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабули пешниҳоди навбатии Пешвои миллат-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» низ далели пешсафии Тоҷикистон  дар ин самт аст.

Дар робита ба ин Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск андешаҳояшро чунин иброз дошт:

«Имрўз дар ҷомеаи муосир норасоии оби ошомиданӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи доғи рўз бузург аст.

Дар солҳои охир чорумин Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ба хушнудӣ пазируфта шуд, ки ин муваффақияти бузурги миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Имрўзҳо натанҳо дар кишварҳои минтақа балки дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосӣ дар ҳалли масъалаи норасоии оби ошомиданӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ дониста мешавад.

Иқдомҳои пай дар пайи ҷониби Тоҷикистон беназир аст, зеро кишваре, ки дорои чунин манбаҳои бузурги табиӣ мебошад, худро дар канор нагирифта, барои ҳалли мушкилоти сокинони сайёра ғамхорӣ мекунад.

Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани  чунин Сарваранд».

Дар идомаи сафар Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск  аз Кохи бонувон ва истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз низ боздид ба амал овард.

Дар Кохи бонувон фаъолият ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон муаррифӣ карда шуд.

Дар ин макон занону духтарон бо истифода аз муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ба дӯхтани сару либоси миллӣ, мактабӣ, тиббӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ машғул мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Кохи бонувон дар баробари сокинони мамлакат шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Шаҳрвандони ин кишвари дӯст ба меҳмони олиқадр аз дастгириҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, амалӣ сохтани ин тадбири некро дар тавқвияти бештари ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон нек арзёбӣ карданд.

Дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» бошад, намоиши ҳунарҳо, хўрокҳои миллӣ ва дастранҷи сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамакат ташкил гардида буд.

Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз тамошои маконҳои зебову чашмаҳои ин минтақаи мамлакат ҳаловат бурда, андешаҳояшонро иброз доштанд. Аз ҷумла, Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск чунин гуфт:

«Табиати дилфиреби Тоҷикистон дар ҳақиқат маро дар ҳайрат гузошт. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам, ки Тоҷикистон дорои чунин мавзеъҳои зебою дилрабо аст. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон биҳишти рўи замин будааст. Инро вақте эҳсос мекунӣ, ки аз наздик ин кишвари афсонавиро мебинӣ. Пӯшида нест, дар ҳаяҷонам, намедонам чӣ гуна Тоҷикистонро тасвир кунам, зеро зебогиаш мафтунам кардааст».

Май 31, 2019 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд