ЭҲТИЁТ! Бо гарм шудани ҳаво афзоиши ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷангалзору ғаллазор ба мушоҳида мерасад
ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои 2017-2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 27 ҳодисаи сӯхтор дар ҷангалзору ғаллазор, чарогоҳҳо ва сӯхтори алафҳои хушки шафати роҳҳои мошингард ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 870 ҳазору 271 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Ин нуктаро 4 майи соли равон сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дар вохӯрӣ бахшида ба таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ ва хошоки дурушти чорво дар мавзеъҳои ҷангалзор, мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миқёси ҷумҳурӣ баён дошт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршо Зеваршоев, сардори Сарраёсати хадамот Нозимҷон Иброҳимзода, сармутахассиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қаноатов, инчунин намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулини боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон мавсими таҳдидкунанда ба миён меояд. Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар шароити буҳрони иқтисодӣ давлатҳои пешрафтаи дунёро ба ташвиш овардааст, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъмин намудани бехатарӣ аз сӯхтор барои беталаф ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон ва дастрас намудани он ба ҷойҳои пешбинишуда вазифаи аввалиндараҷаи ҳамагон ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фаро расидани мавсими тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво афзоиши ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷангалзору ғаллазор ва оромгоҳҳо мушоҳида карда мешавад. Новобаста ба он ки барои пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО) ва сохторҳои зертобеи он тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳида мунтазам тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудаанд, аммо бинобар сабаби беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ин ҳолат боиси ба амал омадани ҳодисаи нохуши сӯхтор ва расонидани зарари моддию молӣ мегардад.
Ба гуфтаи сардори СХДО Нозимҷон Иброҳимзода, ташвишовар он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар натиҷаи сӯхтани алафҳои хушкидаи худрӯй алангаи оташ ба масоҳати калон паҳн гардида, ба маҳаллаҳои аҳолинишин мегузарад ва бевосита ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон таҳдид менамояд. Илова бар ин, дарахтони нодир, сояафкан ва мевадиҳанда нобуд мегарданд. Ҳамарӯза тавассути ВАО шоҳиди он гардида истодаем, ки айни замон дар як зумра кишварҳои пешрафтаи дунё сар задани сӯхтор дар ҷангалзор сабаби изтироби ҳукуматдорон гардидааст.








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






