«Тоҷинвест» нахустин платформаи «Бизнес Портал Тоҷикистон»-ро барои соҳибкорону сармоягузорон роҳандозӣ менамояд

Май 27, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 27.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷинвест» тасмим дорад, ки нимаи дуюми моҳи июни соли равон  нахустин платформаи умумӣ- Портали тиҷоратии Тоҷикистон /Бизнес -Портал/-ро роҳандозӣ намояд. Портали мазкур дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи веб-мутахассисони  КВД «Тоҷинвест» барои соҳибкорону сармоягузорон таҳия гардидааст. «Мо боварӣ дорем, ки лоиҳаи мазкур ба соҳибкорони ватанӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад», — мегӯяд директори КВД «Тоҷинвест» Хуршед Мирзо.

Мусаллам аст, ки моҳи марти соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро  қабул намуд, ки он ба тақвияти  идоракунии соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон, дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин тақвияти муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба мамлакат равона шудааст.

Дар ин росто,  бо мақсади  дастгирии истеҳсолкунандагон  ва содиркунандагон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ КВД «Тоҷинвест» Портали тиҷоратии онлайниро таҳия намуд.  Лоиҳаи Б2Б (business to business – тиҷорат барои тиҷорат)  бо мақсади ташаккули портали иттилоотии миллӣ  роҳандозии тиҷорат, ҳавасмандгардонии содирот ва пешбурди сармоягузориҳо  рӯи кор омадааст.

Портали тиҷоратии Тоҷикистон имкониятро барои ҷӯстуҷӯи шарикони нав, пешбурди тиҷорат,  дар дохил ва хориҷи мамлакат   фароҳам меорад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф вазъи фазои иқтисодии мамлакатро барои сармоягузорон муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон он ба ҳайси раҳнамои тиҷорат ҷиҳати пайдо кардани ошноӣ бо бахши сармоягузорӣ ва имкониятҳо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Портали мазкур ба  талаботи ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ буда, симои (интерфейси) мувофиқи он кори соҳибкоронро содда мегардонад. Онҳо метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасонии худро ба қайд гиранд. Инчунин дар портал ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ  мегарданд, ки он имконияти пайвастшавӣ ба интернетро бидуни  созмон додани сомонаи махсус фароҳам меорад.  Инчунин Портали тиҷоратӣ ширкатҳои бақайдгирифташударо бо дастгирии машваратӣ, аз ҷумла, ҳуқуқӣ, машварат дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва ба роҳ мондани бизнес дар умум таъмин менамояд.

Интизор меравад, ки дар заминаи портали мазкур маҷаллаи «Тиҷорати Тоҷикистон» ба таври электронӣ ва чопӣ нашр гардад.

Портали тиҷоратӣ ин василаи муосир дар дасти соҳибкорон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ  арзёбӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли равон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нахустин Портали савдои Тоҷикистон дар  маросими расмӣ ифтитоҳ гардида буд.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 27, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид