ФАЙЗОБОД: ба ҳушёрию зиракии наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ додан зарур аст

Май 22, 2019 14:43

ФАЙЗОБОД, 22.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлубе бо номи терроризм ва ифрогароӣ мебошад.  

Аз нуқтаи назари ҳуқуқ терроризм — ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна, бо ин сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша мекунанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ медиҳанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зада, аниқтараш супоришҳои хоҷагон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан қарз, масъулият, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносии  миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг ташвиқоту тарғибот таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ  (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст  мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулият рисолати шаҳрвандӣ, истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқдисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои  миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан  ба мақсад хеле мувофик  аст.

Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон эътибори ҷиддӣ додан  зарур аст.

Барои саҳми арзандаи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат нақши  басо калон мебозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эҳтироми самимӣ дошта, ҳамзамон ба нерую қобилияти зеҳнӣ, лаёқати ташкилотчигии онҳо эътимоду  боварии калон дорад.

Бинобар ин, ҷавонон ва аҳли ҷомеа сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосогузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нагашта, баҳри болобурди  арзишхои миллӣ, таҳкими сулҳу субот саҳмгузор бошем.

 Файзулло МИРЗОЗОДА,  судяи Суди ноҳияи Файзобод,
Наврӯз ЗОИРЗОДА,  ёрдамчии Раиси Суди ноҳияи Файзобод

Май 22, 2019 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд