ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГ – МУҲИМТАРИН АРЗИШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Мулоҳизаҳои муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

Май 19, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 19.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ нақши ҳалкунанда мебозад. 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2018 баён намуданд: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем». Гуфтаҳои Сарвари давлат аз он далолат медиҳанд, ки манфиати давлату миллат бояд ҳамеша дар мадди аввали шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад. Дар пайравӣ ба андешаҳои Президенти мамлакат зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар ДАВЛАТЗОДА   мулоҳизоти хешро чунин баён намуд.

-Воқеан ҳам бояд шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз ҷойи зист ва вазифаи ишғолнамудаашон дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, барои ғанӣ гардидани буҷет, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил, ободию зебоӣ ва якпорчагии Тоҷикистон самарабахш меҳнат намоянд. Бар зидди амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ  сарҷамъона мубориза баранд. Дар ин раванд фарҳанги миллии тоҷикон низ дар татбиқи идеяҳои Сарвари давлат баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ, худшиносӣ ва ба тамоми арзишҳои давлату миллат арҷ гузоштан нақши арзанда мегузорад.

Мафҳуми фарҳанг таърихан маънои тарбия, арҷгузорӣ ва инкишофро дошта, амалан татбиқ гардидани арзишҳои умумибашарӣ ва маънавиро ифода мекунад. Хулосаи олимон дар бобати фарҳанг он аст, ки фарҳанг тарзи ҳаёт аст ва дар ин услуб он эҷодиёти бошууронаи худи зиндагист.

Фарҳанг хоси забони форсии қадима буда, таркибаш аз ду қисмат иборат аст: фар-нур, ҳанг-маърифат, яъне нури маърифат мебошад. Ин мафҳум дар асрҳои миёнаи Шарқ дараҷаи баланд ва намунаи олии хулқу рафтори неки инсониро ифода намуда, ҳаммаъно бо калимаи маданият  истифода  шудааст.

Месазад таъкид намуд, ки агар нури маърифати инсонҳо баланд бошад, онҳо ба кори паст, ба мисли ғоратгарӣ, фасодкорӣ, изофанависӣ, хӯрдани ҳаққи якдигар, бахусус ҳаққи ашхоси кайҳо аз дунё гузашта ва дигар хислатҳои ношоиста роҳ намедиҳанд. Зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки бо ин амалҳои номақбул,  пеш аз ҳама, ба обрӯю эътибори давлату миллати хеш латма мезананд.  Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо одамони пасттинате ҳастанд, ки пайваста пайи пур кардани ҷиғилдони худ, кисаи худ, фоидаи худу атрофиёнашон буда, манфиату манзалати давлату миллатро фикр намекунанд. Ин аз бефарҳангӣ, сифлагӣ, бешуурӣ, ҷоҳиливу ҳарисии ин гуна ашхос дарак медиҳад.

Шууру ҷаҳонбинӣ дар фарҳанги ҳар як миллат дар афкору ақида, арзишу манфиатҳо, ҳуқуқу озодиҳо, орзуву ормонҳо ва появу андешаҳои нобе ифода ва татбиқ меёбанд, ки хоси ҳамон миллат мебошанд. Тавассути фарҳанг маъно, моҳият ва ҳувияти миллат иртиқо мепазирад, ҳастӣ ва бақои он пойдор ва устувор мегардад. Фарҳанги миллӣ ба ҳама паҳлӯҳои ҳаёти моддиву маънавиаш иртиботи қавӣ дошта, дар шаклҳои гуногуни фаъолият ҳувайдо мегардад. Сохтмони иморату иншоот – қасру кӯшкҳо, мактабу донишгоҳҳо, хонаҳои кушоду барҳаво, тарвиҷи илму техника, бунёди обанборҳо, неругоҳҳои обию барқӣ, истеҳсоли  маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, таълиму тарбияи насли наврас, таҷлили иду ҷашнвораҳо, ҳамаи намудҳои санъат, пайравӣ ба расму оинҳои суннатӣ, имону эътиқод, ибодат ва парастиш – хуллас, ҳама гуна роҳу равиш ва фаъолиятҳои ҳаёти фардӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ ифодагари возеҳи вожаи фарҳанг мебошанд. Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Азбаски миллат як ҷузъи томи ҷомеаи башарист, ҳамин гуна як таносубе дар байни фарҳанги миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ ҷой дорад. Фарҳангҳои мухталифи миллату халқиятҳои гуногунзабону мухталифмазҳаб, аҳзобу ҳаракатҳо, синфҳо, табақаҳо, ҷинсҳо, наслҳо ва дигар унсурҳои иҷтимоӣ ҳамеша бо ҳамдигар дар иртиботи қавӣ буда, ба якдигар таъсири мутақобилаю судманд мерасонанд. Чунин иртиботу алоқамандии байни фарҳангҳо ҳамеша дар ҳама давру замонҳои таърихи башар ба таври муттасил ҷараён дошта, дар замони муосир  боз ҳам тақвият ёфтааст.

Фарҳанг ва донишу таҷрибаҳои бо он тавъами ҳаётие, ки наслҳои ҷадид аз аҷдодон мерос мегиранд, барои онҳо ба ҳайси як кимиёи ҳастӣ, механизми эҳёкунандаи ормонҳо ва пояҳои бунёдӣ хидмат мекунанд. Дар афкору андешаҳои бостонии аксарияти миллатҳои мутамаддин, аз ҷумла, миллати шарифи тоҷик маҷмӯи арзишу манфиатҳо, ҳуқуқу озодиҳо, появу ормонҳоро ошкор кардан мумкин аст, ки наслҳои бостонӣ онҳоро орзу мекарданд, вале имконияти татбиқи амалии онҳоро дар зиндагӣ надоштанд. Ҳамин гуна орзуҳо ва ормонҳои гузаштагон ба фарҳанги наслҳои ҷадид ҳамоҳанг ва дар ҳаёт татбиқ гардида, ба воқеият табдил меёбанд.

Пешвои муаззами миллати тоҷикон пайваста дар баромадҳои хеш чунин таъкид менамоянд: «Фарҳанг ба назари ман, оинаест, ки дар он тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ акс меёбад. Ва ин мизони дақиқу беминат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд. Имрӯз ҳар як хиште, ки мо ба кохи истиқлоли давлати худ мегузорем, бешубҳа онро таҳкими бештар мебахшад ва рӯз то рӯз пойдору устувортар мегардонад».

Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад. Маҳз дар ин давра робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон густариш ёфта, мақоми шоиста пайдо намуд. Мисоли равшани он баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дигар давлатҳо мебошад, ки расму оинҳои моро ба якдигар шинос месозанд. Албатта, имрӯз бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро ҷаҳониён бештару беҳтар мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд медиҳанд.

Агар фарҳанги умумибашарӣ аз тариқи меъёру санадҳои байналхалқӣ ва тасвибу амалӣ кардани онҳо тавассути фаъолияти ташкилотҳои бонуфузе, мисли Созмони Милали Муттаҳид татбиқ ёфта бошад, пас барои собит кардани саҳми андешаҳои классикони тоҷик дар татбиқи ин фарҳанг таъкид кардани ҳамин нукта кофист, ки дар пештоқи бинои марказии СММ мисраъҳои зиндаёди Шайх Саъдии Шерозӣ  бо ҳуруфи заррин сабт гардидаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд.

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Май 19, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент