Иқдоми «Китоб – манбаи дониш»-имкони харидории китоби шавқовар бо лотореяи бурднок
ДУШАНБЕ, 18.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 майи соли равон дар боғи «Устод Рӯдакӣ» — и шаҳри Душанбе лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» баргузор мегардад.
Ин иқдом ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани Соли китоб роҳандозӣ мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи нашриявии «Адиб» иттилоъ доданд, лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» бо ташаббуси нашриёти «Адиб» дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.
Иқдоми мазкур ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ гардидааст. Тибқи он ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рӯзи шанбе то 22 июни соли равон аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст гардида, нафарони ғолиб соҳиби туҳфаҳои арзанда мешаванд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад






