ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ. Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст

Май 3, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Ёрии расонаҳо барои рушди пойдории сулҳ ва демократия»  баргузор мешавад.. Дар он 130 нафар рӯзноманигор ва коршиносони расонаҳои Тоҷикистон, Россия Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳамоиши мазкур бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии    озодии матбуот бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Мавриди зикр аст, ки 3 май дар саросари ҷаҳон   Рӯзи байналмилалии   озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Бори аввал Рӯзи байналмилалии   озоди матбуот  3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибия-шаҳри Виндҳук  таҷлил ва 20 декабри соли 1993 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ин рӯз расман Рӯзи байналмилалии матбуоти озод эълон гардид. Пешниҳоди натиҷаҳои конфронси калонтарини (олии) ЮНЕСКО, ки соли 1991 бо номи «Мадад ва таъмин намудани озодии матбуот дар ҷаҳон» баргузор гардида буд, барои таҷлили ин ид замина фароҳам овардааст.

Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз густариш додани гуногунандешиву озодбаёнӣ дар ҷаҳон мебошад. Ҳамасола Рӯзи байналмилалии матбуоти озод таҳти шиорҳои гуногун таҷлил карда шуда, дар ин рӯз бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон конфронсу семинарҳо ва дарсҳои кушод гузаронида мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз соли 2001 таҷлил мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии матбуот ва баёни андеша тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Озодии матбуот ва сухан аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, таъмин намудани онро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ноширӣ ва полиграфӣ» ва ғайра кафолат медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки яке аз қонунҳои рӯимизии кормандони ВАО аст, соли 2013 дар таҳияи нав қабул гардид. Баъдан ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, яъне он аз нигоҳи забонӣ ва тарзу услуби баён мукаммал гардонида шуд. Қонуни мазкур тамоми паҳлӯҳои фаъолияти матбуот ва дигар ВАО-ро ба танзим дароварда, барои озодии сухан ва ҳуқуқи нашр дар ВАО замина фароҳам меорад. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон имрӯз фаъоланд ва дар кишвар барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар баробари нашрияҳои давлатӣ рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ низ фаъолият карда, то ҳадди имкони мавҷуда эҳтиёҷи ҷомеаро оид ба дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ бароварда истодаанд. Мавҷуд будани рӯзномаю маҷаллаҳои хусусӣ ва озодии баён дар ин ё он кишвар-ин худ нишондиҳандаи давлати демократӣ будани он аст

Мусаллам аст, ки матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад.

Принсипи асосии мавҷудияти ВАО дар давлати ҳуқуқбунёд озодии ахбори омма мебошад. Моддаи 30-юми боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин принсипро дар шакли мушаххас, ки дорои мазмуни васеъ мебошад, зикр намудааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Мувофиқи ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида, сухан, ҳуқуқи озодона ҷустуҷў кардан, ба даст овардан, додан, интишор ва паҳн кардани иттилоъ бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат дода мешавад.

Моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Роҳ надодан ба сӯйистифода аз озодии сухан» ном дорад. Истифода бурдани ВАО барои «интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ» ё паҳн кардани «ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда» мувофиқи қонун манъ мебошад. Мувофиқи ҳамин модда истифодаи ВАО барои даъват намудан ба ғасби ҳокимият, бо роҳи зўрӣ сарнагун намудан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллию динӣ, ташвиқоти ҷанг, тарғиби зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат манъ мебошад. Ин нишондоди қонунро набояд ба маънои маҳдуд кардани озодии баён фаҳмид, баръакс, таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигари аъзои ҷомеа мебошад.
Пешвои мо зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) бори дигар хотирнишон сохтанд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад… танқид дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад.» Ин таъкиди Сарвари давлат нишони он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи журналистон арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз суханони журналистон чун чашму гўши ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол мегирад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола созмонҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти журналистон вазъи озодии баёнро дар кишварҳои олам ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Хушбахтона, дар ин таҳлилҳо Тоҷикистони мо дар қиёс бо бисёр кишварҳои олам ва аз ҳама давлатҳои минтақа болотар аст ва яке аз бартариҳое, ки пайваста зикр мешавад, ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи журналистӣ дар самти бартараф кардани муаммоҳои ҷойдошта мебошад.

Ба гунаи мисол, маҳз бо ибтикори Пешвои миллат моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тўҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуданд. Ин муаммое буд, ки борҳо журналистон дар нишасту маҳфилҳои худ сари он мубоҳиса мекарданд ва Сарвари давлати мо бо ин амал як навъ эҳтироми худро ба озодии баён изҳор доштанд ва ҳам барои роҳбарони кишварҳои минтақа намуна гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Май 3, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»