Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск

Май 30, 2019 19:27

30.05.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам ҷаноби Туск,
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Мо чанд лаҳза пеш бо меҳмони олиқадри худ — Президенти Шӯрои Аврупо, Ҷаноби Олӣ Доналд Туск, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоту музокирот ва суҳбатҳои самарабахшро ба анҷом расонидем.

Равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, дар маҷрои созанда бомаром рушд карда истодаанд.

Имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Сафари Президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ба Тоҷикистон боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлӯи худ мебошад.

Мо имрӯз атрофи тамоми масоили мавриди назари тарафайн, бахусус вазъи кунунии муносибатҳо, роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи онҳо ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ муколамаи судманд анҷом додем.

Бо камоли қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола пеш ба имзо расидааст, робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд.

Дар баробари ин қайд карда шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд.

Ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии онҳоро пеш овардааст.

Ин аст, ки мо масъалаи мазкурро мавриди музокирот қарор дода, барои оғоз бахшидан ба раванди таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расидем.

Дар музокирот бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Дар ин замина, тақвият бахшидан ба асосҳои меъёрву ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро тақозои рӯз донистем.

Дар ин робита мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо — «Ҷи Эс Пи Плюс» (GSP+) -, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархурдор хоҳад кард, баррасӣ намудем.

Ҳамзамон мо зарурати тақвияти нақши Аврупоро чун шарики рушди Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварамон таъкид кардем.

Бо арзи сипос таъкид карданиам, ки ҳаҷми умумии кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон танҳо барои давраи то соли 2015 зиёда аз 500 миллион Евроро ташкил додааст.

Айни замон дар чаҳорчуби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион Евро татбиқ шуда истодаанд.

Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030, ки омилҳои калидӣ ва роҳу василаҳои рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистонро муайян мекунад, бахши муҳими суҳбати мо буд.

Ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупоро дар қатори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид чун шарики калидии татбиқи ин Стратегия дидан мехоҳад.

Мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонуни маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем.

Дар ин замина мо бар он андеша будем, ки падидаҳои мазкур муқовимати муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар муқобили онҳо тақозо менамояд.

Зимнан таъкид намудем, ки ҳар ду ҷониб ҳамкориҳояшонро дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзо тақвият хоҳанд бахшид.

Дар рафти музокирот ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа дар маҷмӯъ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Дар ин росто, Муколамаи амниятии сатҳи баланд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо чун абзори муҳим арзёбӣ гардид.

Мо ниёзмандии ҷониби Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани хатти сарҳад ва мусоидати Иттиҳоди Аврупоро дар ин амр, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, таъкид доштем.

Ҳамзамон мо татбиқи лоиҳаҳои минтақавиро баҳри беҳтар намудани сатҳи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор омили муҳими истиқрори вазъ дар он унвон кардем.

Вобаста ба ин, мо аз Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли ҷорӣ қабул мешавад, истиқбол намудем.

Нақши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар раванди рушди робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим дониста шуд ва ҷонибҳо зарурати тақвияту густариши бештари онҳоро бори дигар таъкид карданд.

Ҷонибҳо ба Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд.

Ҷонибҳо масоили марбут ба минтақаи Осиёи Марказиро, ки солҳои охир хислати хеле мусбиро касб кардаанд, муҳокима карданд.

Масоили мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаводиси ташвишовар дар мамлакатҳои Ховари Миёна низ, мавриди мубодилаи афкор дошт.

Дар ин иртибот мо сари он ақида қарор доштем, ки мушкилоти ин кишварҳо қабл аз ҳама тавассути гуфтушунид ва бо роҳу василаҳои сулҳомез бояд ҳаллу фасл шаванд.

Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист низ дар меҳвари гуфтугузори мо қарор доштанд.

Иброз гардид, ки мо дар ин ҷода назари яксон дорем ва дар иртибот ба иқдомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии пайомадҳои оқибатҳои тағийрёбии иқлим изҳори омодагӣ намудем.

Ҷониби Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаъҳои обҳои минтақавӣ воқеъ аст, бори дигар изҳор намуд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин ҳифзи муҳити зисти он мебошад.

Дар ин масъала мо бо пуррагӣ ҳамдигарфаҳмии худро бо Иттиҳоди Аврупо изҳор намудем

Мо ба Иттиҳоди Аврупо барои саҳми амалии он дар рушди Тоҷикистон арзи сипос намуда, ибрози итминон кардем, ки дар доираи Стратегияи нави Иттиҳод ҳамкориҳои мо равнақи тоза пайдо хоҳанд кард.

Мо ба ҷаноби Президент дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият орзу намуда, изҳори умед менамоем, ки аз ин сафарашон ба Тоҷикистон таасуроти хуб хоҳанд бардошт.

Ҳоло ман бо камоли майл риштаи суханро ба Президенти Шӯрои Аврупо, Ҷаноби олӣ Доналд Туск медиҳам.

Май 30, 2019 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд