Кӯдакони аз Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда таҳти назорати табибон қарор доранд

Май 2, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда аз муоинаи  мутахассисони соҳаи тиб гузаштанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади иҷрои Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2019, вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ироқ ва Сурия 1 майи соли равон дар макони муваққатии кӯдакон- «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон» муоинаи тиббии 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда аз тарафи мутахассисони соҳа: табиби кӯдакона, ҷарроҳ, асабшинос, равоншинос, сироятшинос, чашм, силшинос, пӯсту зӯҳравӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни аз муоина ва ташхис гузаронидани кӯдакон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Аслиддин Раҷабзода ва дигар намояндагони зерсохтори вазорат иштирок доштанд.

Ғайр аз ин, тамоми кӯдакон аз ташхиси флюорография, ташхиси сирояти Вируси норасоии масунияти одам, ташхиси хун барои маркерҳои вируси гепатити В ва С, ташхиси пешоб барои муайян намудани маводи психотропикӣ гузаронида шуданд.

Инчунин имрӯз  аз тарафи Озмоишгоҳи референсӣ  аз ин кӯдакон ташхисҳои хун, пешоб ва фазла гирифта мешаванд.

Дар  назар аст, ки пас аз ба итмом расонидани муоинаи тиббӣ тамоми кӯдакон бо иммунизатсия фаро гирифта шаванд.

Қобили зикр аст, ки барои аз муоина ва  ташхис  гузаронидани кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ватан овардашуда аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконот муҳайё карда шудааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кӯдакон ва ноболиғон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

Май 2, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон