МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН. Дар шаҳри Турсунзода Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 10 майи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои идораи нав — Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсия ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, роҳбарияти ВКД ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, инчунин дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Бинои Марказ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, иборат аз ду ҳуҷраи корӣ барои сарнозир ва ду нозири минтақавӣ, инчунин як корманди фаврӣ, толори васею барҳаво барои шӯроҳои ҷамъиятӣ ва кор бо аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Марказ бо тамоми шароити корӣ ва маишӣ, таҷҳизоти муосири корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар пешбурди самти фаъолияти масъулин нақши назаррас хоҳад гузошт.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода изҳор намуд, ки кормандони Марказ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ободиву осоиштагии ин гӯшаи зебои диёр саҳми муносиби хешро хоҳанд гузошт.
Дар идома муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр намуд, ки дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, инчунин ҳамкории судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати ИМА то ба имрӯз дар ин самт чандин биноҳо бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин ҳама барои доштани ҳамкории зич бо аҳолӣ баҳри ошкору пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм иброз дошт, ки «маркази мазкур зимни фаъолияти пурсамари худ робитаи қавии аҳолиро ба мақомоти милитсия таъмин намуда, эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти корҳои дохилӣ афзун менамояд».








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






