Муҳаммад Мустафо: «Мубориза бо терроризм ҳамкории муштараки давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд»

Май 17, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 17.05.2019/ АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Нигерия яке аз давлатҳои африқоӣ мебошад, ки рӯ ба рӯи терроризм қарор дошта, аз ин вабои аср зарфи солҳои охир хисороти зиёди ҷонию молӣ дидааст, хусусан аз амалҳои ниҳоят зишту даҳшатафкани гурӯҳи террористию ифрогаро ва исломии «Боко Ҳарам», ки бо амалҳои нопоку зиддиинсонии худ дар Нигерия борҳо амалҳои террористӣ анҷом додааст. Бар асари он садҳо нафар мардуми осоишта ва бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон қурбон гардиданд»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намоянда аз Ҷумҳурии Нигерия Муҳаммад Мустафо, ки ҷиҳати иштирок дар  Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» бори нахуст ба Душанбе омадааст.

Муҳаммад Мустафо афзуд, ки ӯ барои иштирок дар ин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва СММ  доир гардида истодааст, дар радифи дигар намояндагони давлатҳои ҷаҳон, ки бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, ба Тоҷикистон омадааст.

Мавсуф афзуд, ки яке аз мушкилоти асосии  фаъол гардидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва  даст ба террор ва харобкорӣ задани онҳо -ин ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ рабт дорад, ки аз ҷониби  созмонҳои байналмилалии террористӣ ва бархе аз давлатҳои ҷаҳон  сурат  мегирад. Дар ин росто, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ кори як давлат набуда, он дар шароити муосири тезутунд гардидани авзои сиёсӣ дар бархе аз манотиқи ҷаҳон  муборизаи дастаҷамъонаро тақозо дорад.  Ӯ гуфт, ки Нигерия зарфи солҳои  охир борҳо шоҳиди таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ  гардидааст. Дар ин росто   дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ, хусусан «Боко Ҳарам», ки фаъолияти он аз ҷониби баъзе созмонҳои террористии байналмилалӣ ва баъзе давлатҳо маблағгузорӣ мегардад, бо истифода аз имконот  тақвият мебахшад.

Намояндаи Нигерия афзуд, ки дар Душанбе доир гардидани хамоиши сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он иқдоми ҷиддӣ ва саривақтӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, он бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар самти таҳкими мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангини  аср шаҳодат медиҳад.

Зеро терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва маблағгузории он дар шароити имрӯза ҳамкории ҷиддӣ ва дастаҷамъонаи тамоми  давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.

Май 17, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид