Н. Абдуғаффорзода: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» заминаи устуворест барои рушди соҳа»
ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, бо қарори Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Бо назардошти расмиёти минбаъда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» мавриди истифода қарор дода мешавад.
Зимни шарҳи қонуни мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, барқарорсозӣ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия карда шуд.
Бо мақсади баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ва ба инобат гирифтани андешаву пешниҳоди ҳунармандон, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабиниҳои мухталиф бо ҳунармандон ва созмонҳои ҳунармандӣ дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
«Бояд тазаккур дод, ки соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо ҳам алоқаманд буда, маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешавад. Айни замон теъдоди ҳунармандон ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо рӯз аз рӯз васеъ гашта, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян карда шуда, ин омил имконият медиҳад, ки самтҳои рушди соҳа ба маҷрои муайян дароварда шавад. Дар баробари ин, сиёсат ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ муайян гардида, имтиёзҳо барои рушди соҳа муқаррар карда мешаванд. Инчунин, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ, феҳристи ҳунармандӣ, ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ташкил карда мешаванд ва барномаҳои давлатии рушди соҳа таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд» — гуфт Н. Абдуғаффорзода.
Имрӯзҳо дар соҳаи ҳунармандӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таъмини ашёи хом барои маҳсулоти ҳунармандӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва рақобатпазир намудани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ташкили бренди миллии маҳсулоти ҳунармандӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии маҳсулоти ҳунармандӣ, таҳияи Барномаи мушаххаси рушди ҳунармандӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави маҳсулоти ҳунармандӣ, дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвар дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.
Дар баробари ин, соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 600 чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, бахусус намоишгоҳҳои дастранҷи ҳунармандони мамлакат дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои мамалакат баргузор карда шуданд.
Аз ҷумлаи намоишгоҳҳои калони ҳунармандӣ, ин фестивали «Ҷилваи чакан», намоишгоҳҳои «Рӯзи заргарон», «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи кулолгарон», «Рӯзи атласбофон», фестивал ва намоишгоҳи «Чакан», фестивали байналмилалии «Рангоранг», намоишгоҳи якмоҳаи ҳунармандон дар галереяи санъати муосир дар бинои Маркази тиҷоратии «Ашан», намоишгоҳҳои баҳорӣ ва тирамоҳии маҳсулоти ҳунармандон, форум ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиву ҳунармандӣ ва дигар чорабиниҳо ба шумор мераванд.
Ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои мазкур имконият медиҳад, ки талаботи харидорон, аз ҷумла сайёҳон бамаҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳо муайян карда шуда, бозори фуруши он васеъ карда шавад.
Дар ҳамаи намоишгоҳҳо фуруши васеи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба намоиш ва фуруш гузошта шуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ аз 2 то 3 дуконҳои фуруши маҳсулоти ҳунармандон ташкилкарда шудааст.
Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардида, татбиқи самараноки он барои рушду нумуи фарҳанг, тамаддун ва эҷодиёти пурғановати мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар ин самт ҳамчун омили рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.









Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






