Нақши созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ,-ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар Душанбе

Май 7, 2019 14:33

ДУШАНБЕ, 07.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати фаъол  ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир,  назири  терроризм ва ифротгароӣ эътироф гардида,  дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари  боэътимоди амниятиро мемонад. Ин матлаб  дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки  имрӯз дар мавзӯи «Нақши созмонҳои  байналмилалӣ ва минтақавӣ  дар таъмини амнияти  Осиёи Марказӣ»  дар Душанбе доир шуд, иброз гардид.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони ҳамоиш маҳсуб ёфта, дар он кормандони масъули  мақомоти қудратии мамлакат, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва таҳлилгарону коршиносони варзидаи масъалаҳои амниятӣ  иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Диловар Қодирзода дар оғози ҳамоиш роҷеъ ба нақши  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ  ибрози назар намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мавқеияти ҷуғрофияш  дар таъмини амнияти  минтақа  ва кишварҳои  ИДМ нақши калидӣ дорад. Он яке аз самтҳои  афзалиятноки  сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/,  Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Созмони  Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/  дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир  ва таъмини  амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми бориз мегузорад.

Мусаллам аст, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020»  тасдиқ гардида, он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони  муосир- терроризм ва ифротгароӣ қариб 80 санади байналмилалӣ ва байнидавлатиро ба имзо расонидааст, ки дар таҳкими амният ва суботи  кишвар, минтақа ва  дар маҷмӯъ ҷаҳон нақши муассир мегузоранд.

Зикр шуд, ки минтақаи  Осиёи Марказӣ бо мавқеияти геополитикиаш  дар замони муосир таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудратро ба худ ҷалб намудааст ва вобаста ба авзои сиёсию низомӣ  дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорад,  таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст.  Дар ин росто,  таъмини амнияти минтақа кори  як давлат ва ё созмон набуда, дар шароити феълӣ он кӯшишҳои дастаҷамъонаи тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалиро тақозо менамояд.  Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  СММ, СААД, СҲШ, САҲА ва дигар  давлатҳо -шарикони  стратегӣ ва калидии худ  баҳри  таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ  нақши муассир мегузорад. Бо соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори бо роҳи гуфтушунид ва мусолиматомез ҳал кардани қазияи Афғонистон аст. Зеро авзои сиёсию ҳарбии Афғонистон ва идома ёфтани муқовиматҳою амалҳои терррористӣ  дар хоки Афғонистон  ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ  хатарафзо арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон сафирони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон —   Игор Лякин Фролов,     Олег Иванов ва дигар намояндагони мақомоти қудратии мамлакат, коршиносони масоили амниятӣ доир ба  нақши СААД дар  низоми таъмини амнияти минтақавӣ ва дар самти мубориза бо  қочоқ ва гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷилавгирӣ аз амалҳои терористӣ ва экстремистӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо давлатҳои ИДМ ва СААД ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ, нақши созмонҳои  байналмилалӣ ва минтақавӣ дар  таъмини амнияти  минтақаи Осиёи Марказӣ  ва дигар мавзӯоти муҳими вобаста ба авзои минтақа ибрози назар карданд.  Гуфта шуд, ки СААД ҳамчун созмони ҳарбӣ — сиёсӣ дар фаъолияти 27-солаи худ  дар таъмини  сулҳу амният, ҳифзи истиқлолият ва суботи фазои ҳудудию иқтисодӣ, тамомияти арзӣ ва якпорчагии кишварҳои аъзояш аз ҳар гуна хавфу хатар, таҳдидҳои замони муосир бо кӯшишҳои муштарак  ва дастаҷамъона, хусусан дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми муассир гузоштааст.

Май 7, 2019 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид