Намояндаи ВКХ Қазоқистон: «Бо терроризм муборизаи дастаҷамъона ва самарабахш бояд бурд»
ДУШАНБЕ, 17.05.2019/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ба ҷаҳониён дар мавриди баргардонидани кӯдакони ашхоси гумроҳшуда, ки ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» пайваста, дар Сурия ва Ироқ ҷангида буданд, намунаи барҷастаи ибрат гардид»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Станислав Василенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланди марбут ба «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар Душанбе қарор дорад.
Мавсуф афзуд, ки танҳо соли 2019 Қазоқистон 278 шаҳрвандашро аз минтақаҳои даргири ҷаҳон, аз ҷумла Сурия ба ватан баргардонид. Зикр кард, ки тадбирҳои баргардонидани шаҳрвандони Қазоқистон, ки гумроҳ шудаанд, аз Сурия идома хоҳанд ёфт.
Бо дахли аҳамияти баргузории ҳамоиши баланд дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», мавсуф афзуд, ки ҳамоиши мазкур дар шароити шиддат ёфтани таҳдидҳои замони муосир — терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки манбаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд ва ба амният, субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо хатар эчод мекунанд, хеле муҳим ва саривақтист.
Аз ин рӯ, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди терроризми байналмилалӣ, муносибати дарозмуддат ва ҳамаҷониба талаб карда мешавад, ки он иштироки фаъоли ҳамаи кишварҳои узви СММ-ро дар ин раванд мувофиқи Оинномаи СММ ва қонуни байналмилалӣ тақозо менамояд.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






