«НОЗИРОНИ НАВРАС». Баргузории ин маҳфилҳо осеб дидани кӯдаконро дар роҳҳои мошингарди Бадахшон коҳиш дод
ХОРУҒ, 25.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни «Нозирони наврас» баргузор гардид.
Омӯзгори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Силтолӣ Силтолиев гуфт, ки дар ҳудуди вилоят зиёда аз 300 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад ва дар аксарияти ин муассисаҳои таълимӣ маҳфили «Нозирони наврас» амал мекунад.
Баъди дарсҳои назариявӣ моҳе як маротиба нозирони бахшҳои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дониши хонандагонро месанҷанд.
Натиҷаи ин тадбирҳои судманд хушҳолкунада мебошанд. Зеро дар давоми ним соли охир дар роҳҳои автомобилгарди вилоят ягон ҳодисаҳои осеб дидани кӯдакону наврасон ба мушоҳида нарасидааст.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






