ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






