ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Май 3, 2019 08:08

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат  меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва   рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 22-27  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 7-9 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.

Май 3, 2019 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад