ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад

Май 25, 2019 09:14

ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25  то 26  май дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи   тобеи марказ шабона боронҳои шиддатнок борида, эҳтимоли боридани жола низ дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят  ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 16-21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа  унук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 8-13  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида дар нимаи дуюми рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат, жола ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11  ва   рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошидат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 23-25  дараҷа гарм мешавад.

 

Май 25, 2019 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад