«Оила — макони меҳру муҳаббат»,-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Оила- макони меҳру муҳаббат» ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, фаъолон, шахсиятҳои маъруфи мамлакат, оилаҳои намунавӣ ва навбунёд иштирок доштанд.
Дар саҳни муассиса аз ҷониби дастандаркорони ҳамоиш намоишгоҳи маҳсули дасти оилаҳои ноҳияҳои пойтахт, ҳамчун намуна маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Бохтар, ки бозгӯи ҳунари воло ва маҳорати ҳунармандони чирадаст мебошад, ба маъраз гузошта шуд.
Зимни боздид аз он меҳмонон ба ҳунармандиву ҳунарнамоии оилаҳои тоҷик баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар муаррифии шоистаи фарҳангу маданият ва ҳунари мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ даъват намуданд.
Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила ба самъи ҳозирин расонид.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар мамлакати мо таҳти ғамхории давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурӯъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33- и Конститутсияи мамлакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.
Соли оила эълон шудани соли 2015 шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Ҳадафи аслии ин иқдом баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзои он равона шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.
Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Сарвари давлат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намояд.
«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд», -таъкид намудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии оила ба 10 ҷуфт ҷавононе, ки нав оила барпо кардаанд, шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида шуданд.
Ҳамчунин ба 4 ҷуфт оилаҳои намунавӣ аз чор ноҳияи пойтахт, ки аз 10 то 50 сол якҷоя зиндагӣ доранд, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Дастагули иборат аз савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷозиб дар иҷрои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон ба маҳфил шукӯҳи хосса бахшид.













Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






