Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкулов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасмандем ва мулоқоти имрӯза дар доираи Муколама имкони дигари муҳокимаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, муҳокима гардиданд ва ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






