Радиои «Озодӣ»: 84 нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе бозоварданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 30 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати “Fly Irbil”-и Ироқ 84 нафар кӯдакони тоҷик аз лагерҳо ва зиндонҳои Ироқ ба Душанбе баргардонида шуданд. Инҳо фарзандони ҷангиёне мебошанд, ки ба шабакаҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайваста, ба Ироқ рафтаанд ва онҷо ба сафи гурӯҳи террористии Давлати исломӣ ва дигар ташкилотҳои ифротгаро шомил шудаанд. Баргардонидани кӯдакони бегуноҳ бо кӯшишҳои Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ сурат гирифтааст, менависад Радиои «Озодӣ».
Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки «баргардондани кӯдакони тоҷик аз Ироқ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқу Кувайт ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ЮНИСЕФ сурат гирифтааст», — зикр мекунад «Озодӣ».
Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯдакон аз ташхиси тиббиву равонӣ мегузаранд. «Агар хешовандон майл доранд, онҳоро ба тарбия ва парастории худ мегиранд. Агар аз онҳо рӯй гардонанд, давлат кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад. Барои ба ҷомеа ворид намудани кӯдакон ва таҳсили онҳо ҳамаи тадбирҳо андешида мешаванд», — афзуд ӯ.
Хабарнигори Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки дар фурудгоҳи Душанбе хешовандони наздики баъзе аз кӯдакон низ ҷамъ омада буданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






