Раиси Маҷлиси намояндагон бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно, ки дар ҳошияи мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония, ҷалби сармояи мустақими ин мамлакат дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки миёни ду мамлакат барои рушди минбаъдаи ҳамкори заминаи хуб мавҷуд буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву ниҳодҳои молиявӣ ҳамкории судманд доранд.
«Ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии аҳолӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо мубодилаи афкор намуданд»,- афзуд манбаъ.
Зикр шуд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду мамлакат дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои рушди минбаъдаи он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Шукурҷон Зуҳуров ва Таро Коно доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонии ду мамлакат, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






