Рамазон Раҳимзода ва Сун Тзсаню омодагии худро дар самти мубориза бар зидди терроризм иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 10.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу Сун Тзсаню вохӯрӣ доир намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Мансур Бухоризода ва дигарон ширкат намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Сун Тзсанюро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созишномаи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдилӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






