Рамазон Раҳимзода ва Владимир Воронков масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, ки барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» ба шаҳри Душанбе омадааст, мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии ҳамаи конвенсияҳои СММ ва созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ буда, яке аз шарикони муҳими СММ дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва шакли нав гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиро баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои аз байн бурдани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бояд ҷаҳду талош намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум карда, ҷонибдори ҷомеаи сулҳомез дар саросари дунё мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






