Роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод ҷамъ меоянд

Май 25, 2019 11:49

ДУШАНБЕ, 25.05.2019 / АМИТ «Ховар» /. 31 майи соли равон дар Ашқобод ҷаласаи навбатии  Шӯрои сарони ҳукуматҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  сомонаи расмии  Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Тавре дар сарчашмаи хабар омадааст,   дар ҷаласаи зикргардида дар назар аст, ки роҳбарони ҳайатҳои  ҳукуматҳои ИДМ  доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории  иқтисодии Иттиҳоди мазкур мубодилаи афкор намуда, инчунин  сана ва макони баргузории вохӯрии ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро муайян намоянд.

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳияи лоиҳаи байниҳукуматии барномаи ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2030, Созишнома дар бораи ҳамкории мақомоти гумруки  давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ,  ки қабули он  дурнамои  таҳким ва густариши ҳамкории гумрукӣ дар фазои ИДМ-ро  таъмин менамояд баррасӣ мегарданд. Инчунин он  заминаи ҳуқуқиро барои табодули иттилооти муҳим миёни мақомоти гумрук,  ки истифодааш дар низоми идоракунии хавфҳо барои таъмини сатҳи муносиби ҳимоя аз ҷониби мақомотҳои гумрук ҳуқуқ  ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ дар савдои мутақобилаи ИДМ фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласа имзои ҳуҷҷатҳои қаблан ба  мувофиқа расонидашудаи байнидавлатӣ, ки ба густариши ҳамкории байни давлатҳои ИДМ дар соҳаи савдо, гумрук ва назорати мол, транзити онҳо тавассути қаламрави кишварҳои ИДМ, инчунин дар соҳаи корҳои илмию тадқиқотӣ асос ёфтаанд, ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки сарони давлатҳои ИДМ  дар бораи таъйин намудани муовини аввали роҳбари Маркази зидди террористии кишварҳои аъзои ИДМ қарор қабул хоҳанд кард.

Май 25, 2019 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад