САБАҚИ БУЗУРГ. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз тантанаҳои Рӯзи Ғалаба дар «Боғи Ғалаба»
ДУШАНБЕ, 09.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чорабинии бошукӯҳ бо гузашти низомӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои идона хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайравӣ ҚОСИМ ҳузур дошт ва чунин гузориш медиҳад:
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз гузоштани гулчанбар хотираи неки шаҳидони роҳи озодиро ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта, дар ҳузури ҷамъомадагон суханронӣ карданд.
Дар ин Боғи бошукӯҳ дар баробари собиқадорон ва сокинони пойтахт, инчунин шумораи зиёди ҷавонони фаъол ҳузур доштанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз як тараф, таҷлили ҳамасолаи ҷашни ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи аҷдодони шӯҳратманд буда, аз ҷониби дигар, тавассути он насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарони шӯравӣ, корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор гардида, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои неки падарону бобоёни сарбаландамон тарбия меёбанд. Моро зарур аст, ки хотираи неки шаҳидони ҷангро ҳамеша пос дорем.
«Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Воқеан ҳам чунин аст. Рӯзи Ғалаба сабақи бузургест, бахусус барои ҷавонону наврасони имрӯзаи мо.
Рӯзи Ғалаба ҳушдор медиҳад, ки Ватан арзиши хеле муқаддас аст ва мо онро бояд чун Модар азиз донем, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, барои ҳифзи сарҳадоти Ватан, ҳимояи шараф ва нангу номуси мардуми худ ҳар лаҳзаву соат омода бошем ва агар лозим шавад дар роҳи ҳимояи Ватан-Модар ҷони худро нисор созем.
Шуҷоату қаҳрамонӣ нишон диҳем, чуноне падарону модарони шарафманди мо дар он солҳои душвор нишон дода буданд. Дар он айём 100 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон маҳз ба ҳамин хотир ҷони худро аз даст дода буданд. Ба ҳисоби коршиносон, агар ҳамаи он ҳалокшудагон имрӯз зинда мебуданд ва дар ин Боғ дар гузашти низомӣ ширкат мекарданд, гузошти онҳо 15 соат тӯл мекашид…
Ҷанг 22 июни соли 1941 оғоз гардид, вале аллакай то 7 июли ҳамон сол ба комиссариати ҳарбии пойтахти Тоҷикистон беш аз 2500 ариза расида буд, ки 745 адади он аз номи занону бонувон буд: «Хоҳиш мекунам маро ба фронт фиристед…».
«Мояи ифтихори мост, ки паҳлӯ ба паҳлӯи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд», — иброз доштанд имрӯз Сарвари давлат.
Аз рӯи маълумотҳо, дар давраи солҳои 1941-1945 наздики 300 ҳазор фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон ба ҷабҳаи мубориза бо фашизм рафтанд ва аз ин теъдод қариб 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд… 55 ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо қадрдонӣ ва зиёда аз 50 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.
Бинобар ин мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.
Мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ, дар ҷабҳаи меҳнат низ диловарона кору пайкор мекарданд, то Рӯзи Ғалабаро наздик созанд. Тоҷикистон барои артиши ҳамонвақта зиёда аз 1 миллиард рубли ҳамонвақтаи шӯравӣ, қариб 225 тонна тилло (арзиши 1 грамм тилло он айём 4,45 рубл буд), 150 вагон туҳфа (ҳар гуна сару либос, анвои хурок ва меваю сабзавот) фиристонд.
«Барои Ватан-Модар ҳеҷ чизро дареғ намедорем – на ҳаёт, на сарвату дороии худро. Ҳамаро ба Хазинаи мудофиа мефиристем, ҳама чизе, ки барои артиши азизи мо зарур аст», — гуфта буд бонуи барзгар К. Мақсудова аз ноҳияи Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) дар маҷлиси колхозчиён соли 1942.
Солҳои ҷанг Тоҷикистон барои бисёр сокинони собиқ ИҶШС, барои занону кӯдакон ва пиронсолоне, ки аз ҳудуди шаҳри муҳосирашудаи Лениград, аз Киев, Москва, Минск ва ғайра кӯчонида мешуданд, ватани дуюм гардид. Беш аз 10 ҳазор нафар. Тоҷикон ба онҳро чун ба аъзои оилаи худ, чун ба падару модар, хоҳару бародар ва фарзандони дилбанди худ муносибат намуданд.
Мактубе ба ёд мерасад, ки чанд сол пеш дар матбуот дарҷ гардида буд. Шаҳрванди Россия Александра Чижикова дар номаи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менавишт:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент! Ман Чижикова Александра Александровна, ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ марҳум Чижиков Василий Иванович, Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо иди бузург — 70-умин солгарди Ғалаба дар ҷанги шадиди аср табрик мегӯям.
Шавҳари ман 12 апрели соли 1943 дар муҳорибаи назди Москва захмдор шуда, ба Тоҷикистон, ба госпитали «Кучидагон» интиқол ёфт. Он вақт ӯ ҳамагӣ 20 сол дошт. Табибони ботаҷриба ва одамони меҳрубони кишвари шумо ӯро дар муддати кутоҳ табобат намуда, дар ба по хезонданд ва аз марг наҷот доданд.
Барои ин ман як умр аз Шумо ва мардуматон миннатдорам ва наздатон сари таъзим хам мекунам»…
Сафи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон чун дар дигар давлатҳо торафт коҳиш меёбад. Ба гуфти муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Валӣ Сайёрабеков, дар Тоҷикистон ҳоло 242 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар қайди ҳаётанд. Имсол се собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи Ғалаба, ки дар Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардиданд, иштирок намуданд.
«Ҳукумати мамлакат доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд»,- таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
Ба шарофати сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Дар рӯзҳои иди Ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида мешаванд.
Аз ҷумла, имсол бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 (шашсаду наваду ҳафт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо гардид. Тибқи супориши Рустами Эмомалӣ, муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тантана супориданд.
Имрӯз инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст…
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият буда, беш аз 70 давлати хурду бузург ба гирдоби он кашида шуданд. Бар асари муҳорибаҳое, ки 1418 шабонарўз идома ёфтанд, беш аз 55 миллион одамон қурбон, садҳо миллиони дигар гирифтори азобу маҳрумиятҳои мудҳиш шуда, ҳазорҳо шаҳрҳои хурду бузург хароб ва садҳо марказҳои нотакрори тамаддуни умумибашарӣ нобуд гардиданд.
Маҳз аз ҳамин сабаб Рӯзи Ғалаба, таҷлил аз ин иди бузург, иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба он муҳим аст.
Барои насли имрӯз ва фардо.
Рӯзи Ғалаба ҳушдор медиҳад:
Пеши роҳи ҳама гуна ҷангу хунрезиро гиред, Ватани худро ҳимоя кунед, сулҳу осоиши кишвар ва суботу оромии ҷомеаи худро чун азизтарин неъмати зиндагӣ эҳтиёт намоед!